Риоят нашудани муқаррароти беҳдоштӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон
Таҷаммӯи донишҷӯён барои тамрини намоиш ва роҳпаймоӣ дар шароити корона интиқоди бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистонро дар пай дошт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вазири маорифи ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуфи Имомзода дар бораи интиқодоти бархе нисбат ба тамрини намоиш ва роҳмаймоии варзишии теъдоде аз доншҷӯён барои иҷрои маросими сиюмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар шароити шуюъи дубораи корона дар ин кишвар: Ин қадар дар бораи ин мавзӯ баҳс шудааст, ки гӯё Тоҷикистон мушкили дигаре надорад.
Фаъолони фазои маҷозӣ ҳам мегӯянд бисёре аз доншҷӯён ба иҷбор ба ин таҷаммуъот мераванд ва ин дар ҳолест, ки дар шароити шуюъи корона ҳар навъ таҷаммуъе бисёр хатарнок аст.
Қарор аст маросими сиюмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон 9 сентябр баргузор шавад.