Ноябр 02, 2016 15:56 Asia/Dushanbe
  • Cафари нозирони низомии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба Тоҷикистон

Нозирони низомии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо барои баррасии вазъияти низомиёни тоҷик ва силоҳу таҷҳизоти артиши Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе сафар кардаанд.

Ба гузориш хабаргузории “Форс”, дафтари матбуотии Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи сешанбе бо интишори иттилоияе эълом кард, дар ҳайати нозирони низомии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо намояндагоне аз Амрико, Лаҳистон ва Литва ҳузур доранд. Сафари ин ҳайат ба Тоҷикистон то рӯзи ҷумъа, чаҳоруми ноябр идома хоҳад дошт.

Сафари ҳайати низомии Аврупо ба Тоҷикистон ба мӯҷиби тавофуқномаи соли 2011 дар Вена барои баррасии вазъияти воҳидҳои низомии кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо эълом шуда, дар дастури кор қарор гирифтааст. Ҳайати нозирони низомии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо охирин бор се сол пеш вазъияти воҳидҳои низомии артиши Тоҷикистонро баррасӣ карда буд.

Ба бовари коршиносон, сафари ҷории ҳайати низомиёни Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба Тоҷикистон метавонад ба муносиботи Душанбе ва Маскав таъсири манфӣ дошта бошад, бавижа созмонҳои ғарбӣ, аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо исрори Амрико ҳама талошҳои худро ба кор гирифтааст, то сиёсати густариши Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО)-ро ба самти Шарқ муҳаққақ созанд. Дар ҳамин росто бояд гуфт, Ҳукумати Тоҷикистон аз сафари ҳайати низомёни аврупоӣ ба Душанбе истиқбол мекунад, зеро Тоҷикистон ба таври нисбӣ бо мушкилоте аз қабили ноамнӣ ба далели фаъолияти ифротгароёни мазҳабӣ, бавижа фаъолияти ваҳҳобиҳо дар бархе манотиқи ин кишвар мувоҷеҳ аст. Дар айни ҳол, ноамниҳои Афғонистон ба Тоҷикистон, ба амнияти ин кишвари Осиёи Марказӣ соя андохтааст. Дар ин шароит шакке нест, ки сафари ҳайати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, сафарҳои мушобеҳи намояндагони дигар ниҳодҳои байналамилалӣ ба Душанбе метавонад ба амнияти Тоҷикистон кӯмак кунад. Бавижа аз назари мақомоти тоҷик, тақвияти ҳамкориҳо ва мушорикати ниҳодҳои ғарбӣ дар умури Тоҷикистон, метавонад қудрати ин кишварро дар ҳамкориҳои минтақаӣ, дар муносибот бо Русия ва соири қудратҳои минтақаӣ афзоиш диҳад. Шояд ба ҳамин далел аст, ки давлатмардони Душанбе аз ҳамкории амниятӣ бо ниҳодҳои ғарбӣ истиқбол мекунанд.

Бадеҳист, ки ин хости Тоҷикистон ба рақобатҳои эъломнашуда миёни қудратҳои минтақаию фаромитақавӣ доман мезанад. Шакке нест, ки Русия ва Чин мухолифи ҳузури фарҳангӣ ва низомии Ғарб дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳастанд. Ҳукумати Чин моҳи гузашта эълом кард, ба манзури пешгирӣ аз вуруди ноамниҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳозир аст, кӯмакҳои билоиваз ба ин ҷумҳуриҳо ироа диҳад. Ба гуфтаи мақомҳои Чин, ба манзури тақвияти тавоноиҳои дифоии Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон Пекин қасд дорад, чандин бурҷу таъсисоти низомӣ бо ҳазинаи худ эҳдос кунад.

Коршиносон мегӯянд, ба манзури аз байн бурдани ифротгароӣ ва чолишҳои пешорӯи дорои аҳамияти амниятӣ густариши ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа зарурӣ ва парҳезнопазир аст. Дар ин росто ба назар мерасад, ки Чин зимни таваҷҷуҳ ба ин гуна ҳамкориҳо дар ростои тақвияти кишварҳои Осиёи Марказӣ гомҳое бардоштааст. Русия низ то соли 2015 яке аз бахшҳои пойгоҳи низомии худро дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон мустақар карда буд. Бо вуҷуди ин дар соли ҷорӣ Русия шуморе аз нерӯҳои худро дар шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон мустақар кардааст. Дар воқеъ, ба рағми он ки Русия ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро ҳаёти хилвати худ талаққӣ мекунад ва дар ин кишварҳо пойгоҳҳои низомӣ мустақар кардааст, сарфи ҳазинаҳои амниятӣ дар марзҳои Тоҷикистону Қирғизистонро ба Чин вогузор кардааст.

 Дар маҷмӯъ, бояд гуфт, сафари ҳайати низомии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба Тоҷикистон метавонад ба рақобатҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ доман бизанд. Дар ҳоле ки  дар шароити ҷорӣ мақомҳои давлати Душанбе аз ин рақобатҳо истиқбол мекунанд ва ба назар намерасад, қудратҳои минтақаӣ, аз ҷумла Чину Русия тамоили чандоне ба мушорикати Ғарб дар умури Тоҷикистон дошта бошанд.