Август 07, 2021 12:15 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон медал гирифт

Нахустин медали ифтихории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба президенти Тоҷикистон эъто шуд.

Ба нақл аз сайти президенти Тоҷикистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон ин медалро ба Эмомалӣ Раҳмон эъто кард.  

Дар ин маросим президентҳои кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба по хеста, кафкӯбӣ карданд. Ин нахустин нишони фахрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ буд, ки ба раисиҷумҳури Тоҷикистон тақдим шуд.

Таъкид гардид, ки нишон ба президенти Тоҷикистон барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ супорида шудааст.

 

Барчасп