Таваққуфи интишори ҳафтаномаи “Нигоҳ”
Мудирияти ҳафтаномаи иттилоотӣ ва таҳлилии “Нигоҳ” аз қатъи нашри ин ҳафтанома хабар дод.
Мудирияти ҳафтаномаи иттилоотӣ ва таҳлилии “Нигоҳ” аз қатъи нашри ин ҳафтанома хабар дод.
Ба гузориши сойти нашрияи Нигоҳ, дар баёнияи ин созмон далели ин тасмим “адами мавҷудияти шароити лозим” гуфта мешавад. “Даҳ сол, аз моҳи декабри соли 2006 “Нигоҳ” ба унвони як нашрияи миллӣ, ки ҳадаф аз таъсиси он - эҷоди манбаъи мустақили иттилоъот ва таҳлил барои одамони фаъол буд, дар хидмати ҷомеа буд ва рисолати хешро пеш мебурд. Нашрияи “Нигоҳ” талоше буд, ки бо шеваю усулҳои муҷоз, муҳимтарин масоили сарнавиштсозро мавриди баррасӣ қарор медод. Бунёдгузор ва аҳли қалами нашрия ҳаргиз ба масоили мубрами зиндагии мардум ва андешаҳои миллӣ бетафовут набудаанд”,-омадааст дар баёния.
Дар идомаи баёния гуфта мешавад, “Ин тасмим барои мо, бисёр ҷиддӣ ва басо душвор аст. Зеро марбут ба умеду интизориҳои ҳазорҳо хонанда, кормандон ва муаллифони нашрия мебошад. Бо сипос аз ҳамаи онҳое, ки ин муддат бо мо буданд, заҳмати аҳли қалами “Нигоҳ” буданро доштанд, замоне онро раҳбарӣ мекарданд, дар ҳамоишу идораҳо аз ин тарҳи барои миллату ҷомеа муҳимм ошкору ниҳон пуштибонӣ мекарданд, гӯшаву бахш, сиёсати иттилоотӣ ё фаъолияти идораи нашрияро мавриди таҳқиқи илмиву назариявӣ қарор медоданд, мунтазам ё гоҳе рӯзнома мехариданд, огоҳ мекунем, ки шароити таҳия ва нашри “Нигоҳ” дигар мавҷуд намебошад”.