Август 11, 2021 17:58 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон
    Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон

Табодулоти тиҷорӣ байни Тоҷикистону Покистон дар соли ҷорӣ 6. 3 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар дидор бо Имрон Ҳайдар, сафири Покистон дар Душанбе гуфт: Аз оғози имсол то кунун арзиши табодулоти тиҷории Тоҷикистону Покистон ҳудуди 18 миллиону  900 ҳазор доллар будааст.

Вай афзуд: Бо тавваҷуҳ ба тавонмандиҳои ду кишвар метавон ин мизонро то охири имсол афзоиш дод.

Шоёни зикр аст, барои афзоиши мубодилоти тиҷории ду кишвар, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хурдодмоҳи имсол ба Покистон сафар кард. Дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ 12 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф имзо шуд.

Ин тавофуқномаҳо дар бораи ҳамкории тарафайн дар бахшҳои илмӣ байни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Ҳинди Покистон, утоқҳои бозаргонии Тоҷикистон ва Лоҳуру Кувайтаи Покистон, мубориза бо фасод, фарҳангӣ ва ҳунарӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, фанновариҳои навин, ҳамлу нақли ҷодаӣ ва рейлӣ будааст.

Ҳамчунин яке аз тарҳҳои муштараки муҳим, ки метавонад дар афзоиши табодулоти тиҷории ду кишвар нақши муҳиме ифо кунад, ислоҳи тарҳи хати КАСА -1000 ва фурӯши мустақими барқи Тоҷикистон ба Покистон аст, ки бо итмоми ин тарҳ Тоҷикистон метавонад 300 мегаватт барқ ба Покистон содир кунад.

Ҳазинаи сохти ин тарҳ ҳудуди як миллиард доллар баровард шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп