Вуруди 143 низомии афғонистонӣ ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i72202-Вуруди_143_низомии_афғонистонӣ_ба_Тоҷикистон
Манобеи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз вуруди 143 низомии афғонистонӣ ба фурудгоҳии шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон хабар доданд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Август 16, 2021 21:01 Asia/Dushanbe
  • Вуруди 143 низомии афғонистонӣ ба Тоҷикистон

Манобеи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз вуруди 143 низомии афғонистонӣ ба фурудгоҳии шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон хабар доданд.

Ба гузориши сомонаи «ТОП Тҷ», ин манобеъ гуфтаанд, ки ин теъдод низомии афғонистонӣ бо се ҳавопаймо ва ду чархбол 16 августи соли ҷорӣ вориди фурудгоҳи Бохтар шудаанд, ки дар хобгоҳи Донишгоҳи Носири Хусрав ҷо дода шудаанд.

Аммо ин макон барои искони низомиёни афғонистонӣ муваққатӣ аст ва бояд онон ба ҷои дигаре мунтақил шаванд. Ин афрод 55 қабза аслиҳаи худро ба мақомоти интизомии Тоҷикистон таҳвил додаанд.

Дар ҳоли ҳозир мақомоти Тоҷикистон машғули ройзанӣ дар бораи сарнавишти ин низомиёни афғонистонӣ мебошанд.

Қаблан низ теъдоде аз низомиёни афғонистонӣ дар пайи ҳамалоти гурӯҳи Толибон вориди қаламрави Тоҷикистон шуданд, ки пас аз чанд рӯз ба кишварашон бозгардонда шуданд.

 

Бештар бихонед: