Сентябр 01, 2021 19:15 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории илмии Русия бо Тоҷикистон

Русия бо Тоҷикистон дар гузаронидани таҷрибаҳои илмӣ барои омӯзиши вируси корона ҳамкорӣ мекунад.

Ин масъала дар як сӯҳбати видеоӣ байни Ҷамолуддин Абдуллоҳзода, вазири тандурустии Тоҷикистон ва Анна Попова, раиси Хадамоти федералии ҳифзи истеъмолкунандагон ва ҳифзи иҷтимоии инсон, Роспотребнадзор баррасӣ шудааст.

 Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи коронавирус ва дигар бемориҳои сироятӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ бо Идораи федералии ҳифзи истеъмолкунандагон ва ҳифзи иҷтимоии инсон Роспотребнадзор мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

Барчасп