Октябр 11, 2021 10:25 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон ба Белгия рафт

Эмомалӣ Раҳмон- раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барои дидору гуфтугӯ бо мақомоти Иттиҳодияи Аврупо вориди Брюссел-пойтахти Белгия шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири умӯри хориҷа, мушовири умӯри байналмиллалӣ ва дигар мақомоти давлатӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Сафари вай ба мақари Иттиҳодияи Аврупо ба даъвати Шарл Мишел-раиси ин иттиҳодия анҷом мешавад, ки мавзӯи аслӣ дар музокироти тарафҳо авзоъи Афғонистон мебошад . Ташкили давлати фарогир дар Кобул, таъсири авзоъи Афғонистон ба амнияти минтақа ва зарурати расондани кумакҳои башардӯстона ба мардуми ин кишвар аз дигар мавзӯъҳои муҳим дар дидори Раҳмон бо мақомоти Иттиҳодияи Аврупо хоҳад буд .
Ҳамчунин дар чорчуби ин сафар  раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар Порис бо мақомоти фаронсавӣ низ робитаҳои дуҷониба ва авзоъи Афғонистонро баррасӣ хоҳад кард.



Бештар бихонед :

 

Барчасп