Октябр 14, 2021 13:32 Asia/Dushanbe
  • Рушди 17 дарсадии мизони тиҷорати Тоҷикистон ва Туркия

Дар нимаи аввали соли ҷорӣ арзиши табодулоти тиҷорӣ байни Тоҷикистон ва Туркия ба 187 миллион доллар расид.

Ин хабар дар мулоқоти Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ва Мустафо Ворнок, вазири саноат ва фанноварии Туркия ва раиси Комиссиюни байнидавлатии ҳамкории иқтисодии ду кишвар эълом шуд.

Дар ин дидор масоили дуҷонибаву чандҷониба баррасӣ ва дар мавриди тақвияти ҳамкорӣ дар заминаи тиҷорат, сармоягузорӣ, ҷодаҳо, ҳамлунақл, сохтусоз, саноеъ, омӯзишу улум, кишоварзӣ, энержӣ ва гардишгарӣ табодули назар шуд.

Ҳамчунин тарафайн изҳор доштанд, ки бо вуҷуди густариши бемории корона дар нимаи аввали соли ҷории мелодӣ арзиши табодулоти тиҷории мутақобил байни Тоҷикистон ва Туркия 187 миллион доллар буда, ки ин мизон нисбат ба замони мушобеҳи соли гузашта 17. 4 дарсад бештар аст.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп