Ноябр 10, 2016 10:34 Asia/Dushanbe
  • Бардошти наздик ба 500 ҳазор тон картошка дар Тоҷикистон

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз бардошти наздик ба 500 ҳазор тон картошка дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши сойти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ин мизон картошка дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл, 45 ҳазор тон бештар мебошад ва ҳанӯз дар масоҳати зиёде аз заминҳои таҳти кишти ин маҳсул, бардошти картошка идома дорад.

Ин гузориш меафзояд, ки имсол дар Тоҷикистон барои кишти картошка беш аз 22 ҳазор гектор замин ихтисос дода шудааст. Картошка яке аз маҳсулоти муҳимми хӯрокии тоҷикон ба ҳисоб меояд, ки дар дастурхони хонаводагии онон, аз ҷойгоҳи вижае бархӯрдор мебошад. Аммо Тоҷикистон аз тавони таъмини ниёзи мардуми хеш бо картошкаи тавлиди дохилӣ бархӯрдор нест ва ба ин манзур ин маҳсулро аз Русия, Эрон ва Покистон ворид мекунад.

Картошка  дар Тоҷикистон умдатан дар минтақаҳои кӯҳистонӣ, назири водии Рашт, Зарафшон ва Бадахшон кишт мешавад, ки барои бардошти ин маҳсул мусоид мебошад. Зеро ин минтақаҳо аз нигоҳи шароити иқлимӣ мушобеҳи кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ аст, ки заминаи бардошти маҳсули фаровон аз заминҳои таҳти киштро фароҳам месозад. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ҳамчунин аз бардошти наздик ба 379 ҳазор тон пиёз аз заминҳои таҳти кишти ин маҳсул, хабар додааст.