Роҳандозии маркази омӯзишии коргарони муҳоҷир дар Тоҷикистон
(last modified 2021-11-04T08:04:55+00:00 )
Ноябр 04, 2021 13:04 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии маркази омӯзишии коргарони муҳоҷир дар Тоҷикистон

Русия дар Тоҷикистон маркази омӯзишии коргарони муҳоҷир таъсис мекунад.

Вазорати рушди иқтисоди Русия эълом кард, ки дар Тоҷикистон маркази омӯзшии вижа барои коргарони муҳоҷир ин кишвар қабл аз сафари онон барои кор ба Русия таъсис хоҳад кард.

Ба гузориши сомонаи Фарғона, ҳадаф аз таъсиси марказ, омӯзиши ҳирфа ва шуғли мавриди ниёзи ширкатҳои русӣ, тақвияти забони русӣ ва ошноии ҷавонони тоҷик бо қавонини ҳуқуқӣ ва таъриху фарҳанги Русия қабл аз рафтани ин афрод барои кор эълом шудааст.

Ҳамчунин то соли 2024 теъдоди муаллимони забони русӣ дар хориҷ аз 150 нафари феълӣ ба 618 нафар хоҳад расид, ки ин теъдод низ дар Тоҷикистон низ афзоиш меёбад.

Теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ ҳам тайи ин муддат аз 300 ҳазорнафари феълӣ ба 450 ҳазор хоҳад расид, 5дарсади ин афрод бурсияи давлати Русия ҳастанд.

Русия мақсади аслии сарфари 90 дарсад аз коргарони муҳоҷири тоҷик аст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп