Ноябр 18, 2021 13:00 Asia/Dushanbe
  • Тамоси телефонии Никол Пашинян ва Эмомалӣ Раҳмон

Нахуствазири Арманистон бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон телефонӣ гуфтугӯ кард.

Дар ин тамоси телефонӣ нахуствазири Арманистон ба унвони раиси Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, раиси Ҷумҳури Тоҷикистонро дар мавриди вазъияти ба вуҷуд омада дар марзи ин кишвар бо Озарбойҷон муталеъ кард.

Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба навбаи худ аз тарафайн хост ба тавофуқоти анҷом шуда, пойбанд бошанд ва ҳамаи ихтилофот ва мунозеъотро танҳо аз тариқи музокироти сиёсӣ ва дипламатӣ ҳаллу фасл кунанд.

Авзо дар Амранистон ва Озарбойҷон аз 13 ноябр ташдид шуд вазорати дифоъи Арманистон эълон кард, ки неруҳои мусалаҳи Озарбойҷон талош карданд то ба хоки ин кишвари ҳамсоя нуфуз кунанд, ба ҳамин далил даргири байни низомиёни ду кишвар рух дод.

Дар ин росто, Арманистон барои кумак ҷиҳати ҳалли ин вазъият ба Созмони Паймони Дастаҷамъӣ ва раиси ҷумҳури Русия муроҷеа карда аст.

 

Барчасп