Ноябр 21, 2021 13:46 Asia/Dushanbe
  • Созмони Миллал нисбат ба ихроҷи паноҳҷуёни афғон аз Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард

11 мард зану кӯдаки афғон, ки дар Тоҷикистон паноҳанда буданд, пеш аз баррасӣ дар мавриди иддаои паноҳандагӣ ва ҳимоят ба Афғонистон бозгардонда шуданд.

Бар асоси эъломи Комисариёи олии паноҳандагони Созмони Миллал, 11 мард  зану кӯдаки афғон, ки дар Тоҷикистон паноҳанда буданд, пеш аз баррасӣ дар мавриди иддаои паноҳандагӣ ва ҳимоят ба Афғонистон бозгардонда шуданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Комисариёи олии паноҳандагони Созмони Миллал ҳамчунин нигарони афзоиши монеъ барои шаҳрвандони Афғонистон дар Тоҷикистон аст.
Иттилооти ин ниҳод нишон медиҳад, ки дар поёни моҳи июли соли ҷорӣ мақомҳои маҳаллии Тоҷикистон судури муҷаввизи иқомат барои ҳамаи шаҳрвандони афғонистонии тозаворидро ба ҳолати таълиқ даровардаанд .
Афзоиши маҳдудиятҳову таълиқи баррасии парвандаҳои паноҳандагӣ дар Тоҷикистон сабаб шуда, то шаҳравандони Афғонистон, ки ба тозагӣ вориди Тоҷикистон шуданд, бо хатари ҷарима, боздошт ва ихроҷи эҳтимолӣ бо Афғонистон рӯбарӯ шаванд .
Комисариёи олии паноҳандагони Созмони Миллал аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки аз ихроҷи иҷбории паноҳҷуёни Афғонистон ба ин кишвар худдорӣ кунад ва « фавран мароҳили иқомати қонунӣ ва таъйини вазъияти паноҳандагӣ »-ро аз сар бигирад .
Ба тозагӣ Комисариёи олии паноҳандагони Созмони Миллал « тавсияи ҷаҳонӣ барои ихроҷ накардани шаҳрвандони Афғонистон »-ро мунташир кард, ки дар он хостори ҷилавгирӣ аз ихроҷи иҷбории ҳамаи шаҳрвандони Афғонистон аз кишварҳои дигар шуда буд .
Аз диди ин ниҳод  ихроҷи иҷбории шаҳрвандони Афғонистон дар шароити кунунӣ нақзи ҷиддии қавонини байналмилалӣ аст.

 

Барчасп