Ноябр 16, 2016 12:16 Asia/Dushanbe
  • Интерпол як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кард

Дар фурудгоҳи Пулковои Санкт-Петербурги Русия аз сӯи кормандони Интерпол як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон боздошт шудааст.

Умар Мирзоев, ки дар фурудгоҳи Пулковои Санкт-Петербурги Русия дастгир шудааст, бо иттиҳоми ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ва Русия ба созмони террористии ДИИШ машғул буда ва тайи ин муддат дар пайгарди байналмилалӣ қарор доштааст. Ба навиштаи манбаъ: “Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ӯро дар созмон додани амалҳои террористӣ гумонбар медонад”.

Ба навиштаи сойти “Озодагон”, Умар Мирзоеви 25 сола дар ҳоле боздошт гардида, ки қасд доштааст, субҳи рӯзии 15-уми ноябри соли ҷорӣ ба хатсайри Санкт-Петербург- Самара парвоз кунад. Ба навиштаи ин манбаъ, расонаҳои русӣ навиштаанд, ки вақтҳои ахир ӯ дар шаҳри Толятти зиндагӣ мекардааст ва нақшаи иҷрои амалиёти террористӣ дар қаламрави Тоҷикистонро тарҳрезӣ мекардааст.

 

Барчасп