Феврал 16, 2022 14:27 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як комюни Тоҷикистон бо 230 килограм героин

Марзбонони Узбакистон дар гузаргоҳи марзии Фотеҳобод як комюни мутаалиқ ба шаҳрвандони Тоҷикистонро бо 230 килограм героин боздошт карданд.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷ Вик”, дар ин комюн 232 бастаи ҷосозишудаи героин ба вазни 230 кило кашф шуд.

Ронандаи комюн боздошт ва таҳвили мақомот қазоӣ шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон ба пурсиши хабарнигорон дар бораи тавқифи ин комюн дар қаламрави Ӯзбакистон бо ин миқдор героин посух надода ва гуфтанд, ин ҳодиса дар дасти баррасӣ аст.

Дар ноябри 2021 низ марзбонони Узбакистон аз як дастгоҳ комюни Тоҷикистон дар гузаргоҳи марзии Фотеҳобод 156 кило героин кашф карда буданд.

 

 

 

Барчасп