Ноябр 19, 2016 13:43 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Бонки ҷаҳонӣ барои густариши зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон

Бонки ҷаҳонӣ барои баланд бардоштани ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахши сайёҳӣ эъломи омодагӣ кард.

Ба иттилои дафтари матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, София Жукова, намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар дидор бо Ризо Назарзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон гуфтааст, ин ниҳоди молии байналмилалӣ барои баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахши сайёҳӣ омода аст. Ризо Назарзода ҳам дар ин дидор бо ишора ба ҳамкориҳои хуби Бонк ҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, густариши ин ҳамкориҳоро дар бахшҳои муаррифии зарфиятҳои сайёҳӣ, омода кардани зерсохторҳои муносиб ва хидматрасонӣ хостор шуд. Ду тараф дар ин нишаст зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистонро низ баррасӣ карданд.

Тибқи гузориши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали имсол 210 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар кардаанд, ки сафари онҳо 82 миллион доллар барои иқтисоди ин кишвар даромад доштааст. Ин дар ҳоле аст, ки дар муддати мушобеҳи соли гузашта 147 ҳазор сайёҳи хориҷӣ барои ошноӣ бо табиати зебои Тоҷикистон ба ин кишвар сафар карда буданд.

Дар Тоҷикистон табиатгардӣ (экотуризм), кӯҳнавардӣ ва дигар шаклҳои гардишгарӣ дар ҳоли рушд аст. Табиати кӯҳистони Тоҷикистон дар ҷалби сайёҳҳони хориҷӣ аз зарфиятҳои зиёде бархурдор аст, аммо мушкили аслӣ дар ин замина камбуди зерсохторҳо, имконоти тафреҳӣ ва мавҷуд набуди парвозҳои мустақим бо кишварҳои аврупоӣ аст.

 

Барчасп