Феврал 22, 2022 17:36 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи доимии БОР:“Ба идомаи сохтмони “Роғун” манфиатдорем

Бонки осиёии рушд (БОР) ба анҷоми сохтмони неругоҳи барқи обии “Роғун” манфиатдоранд, изҳор дошт намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон, 22 феврал зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Тоҷикистон охири соли гузашта вохӯриро бо мададрасонони байнулмилалӣ созмон дода, дар он масъалаи маблағгузорӣ ба лоиҳаи сохтмони неругоҳи “Роғун” баррасӣ шуд.
Намояндаи доимии БОР зарурати дастгирии молиявии лоиҳа аз ҷониби мададрасонон (донорҳо)-и байнулмилалиро камбуди маблағҳои давлатӣ барои сохтмони минбаъдаи ин иншоот ва инчунин озод намудани маблағҳои буҷетӣ, ки метавон ба дигар эҳтиёҷоти афзалиятнок равона кард, шарҳ дод.
Аҳамияти нерӯгоҳи Роғунро барои иқтисоди Тоҷикистон Шенни Кэмпбелл бо он асоснок мекунад, ки дар оянда ин нерӯгоҳ як манбаи даромади иловагии ҷумҳурӣ хоҳад шуд.
Аммо, изҳор дошт вай, бар асоси пажӯҳишҳои Бонки Ҷаҳонӣ, ҳанӯз ҳам саволҳои зиёде дар мавриди тарҳи Роғун вуҷуд доранд, ки пеш аз маблағгузорӣ ба ин лоиҳа мададрасонон бояд ба онҳо посух бигиранд.

Аз ҷумлаи чунин масоил Шенни Кэмпбелл масъалаҳои харид, таъмини чораҳои муҳофизатӣ ва дарёфти бозори фурӯши нерӯи барқро номбар кард.
Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки БОР аллакай барои фурӯши ояндаи нерӯи барқи истеҳсоли “Роғун” кумаки ғайримустақим мерасонад.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, соли 2022 ба сохтмони нерӯгоҳ тақрибан 2,5 млрд сомонӣ (220 млн доллар) равона мешавад.

Аз оғози идомаи сохтмон (аз соли 2008) то соли ҷорӣ баҳри иҷрои корҳо дар сохтмони неругоҳи “Роғун” 37,7 млрд сомонӣ харҷ шудааст.