Захирасозии гандум дар анборҳои вилояти Суғд
(last modified Mon, 14 Mar 2022 06:07:42 GMT )
Март 14, 2022 11:07 Asia/Dushanbe
  • Захирасозии гандум дар анборҳои вилояти Суғд

Масъулони вилояти Суғд дар пайи афзоиши қимати гандум дар Тоҷикистон, аз вуҷуди захоири кофии ин маҳсул дар шимоли кишвар хабар доданд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, мақомоти вилояти Суғд гуфтанд, мардум набояд нигарони камбуди гандум бошанд, зеро дар анборҳои минтақа ба қадри кофӣ ин маҳсул захира шудааст.

Ҳамчунин барои назорат бар қимати фурӯши орду гандум дар вилояти Суғд комиссияи вижа ташкил шудааст.

Ахиран дар пайи буҳрони Украина, қимати ҳар кисаи 50 килограмии орд, ки ҳафтаи қабл 280 сомонӣ таъйин шуда буд, акнун ба 340 сомонӣ расидааст.

Тоҷикистон солона ба 2 миллион тон гандум ниёз дорад, ки дар соли 2021 ҳудуди 1 миллиону 29 ҳазор тон гандум ба арзиши 265 миллиону 800 ҳазор доллар аз Қазоқистон ворид кард.

Дар соли 2021 дар дохили Тоҷикистон аз 310 ҳазор гектар замини зеркишти гандум 876 ҳазор тон маҳсул бардошт шуд.