Март 18, 2022 16:17 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши сомонаи “Ховар”, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Филипо Гранди, комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон, дар мавриди мушкилоти паноҳандагони афғонистонӣ дар Тоҷикистон баҳсу тубодули назар шуд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин дидор таъкид кард, ки кишвараш ҳамвора тавваҷуҳи вижае ба паноҳҷӯён дорад ва иқдомоти лозимро барои ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти онҳо мутобиқ бо стандартҳои байналмилалӣ анҷом медиҳад.

Филиппо Гранди, комиссари олии паноҳандагони СММ (UNHCR) гуфт, ки ин аввалин сафари вай ба Тоҷикистон ба унвони комиссари олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон аст.

Вай аз иқдомоти давлати Тоҷикистон дар заминаи пазиришу истиқрори паноҳандагон ситоиш ва омодагии худро барои рафъи мушкилоти мавҷуд эълом кард.

Тарафайн дар ин дидор дар бораи тақвияти ҳамкорӣ дар замининаи кор бо паноҳандагон, паноҳҷӯён ва афроди бидуни тобеият ибрози итминон карданд.

 

Барчасп