Тарзи харҷ кардани маблағи хариди хизмати сарбози дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 01 May 2022 14:44:42 GMT )
Май 01, 2022 19:44 Asia/Dushanbe
  • Тарзи харҷ кардани маблағи хариди хизмати сарбози дар Тоҷикистон
    Тарзи харҷ кардани маблағи хариди хизмати сарбози дар Тоҷикистон

Раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон тарзи харҷ кардани маблағи наздик ба 27 ҳазор сомониро, ки барои дарёфти дафтарчаи маъофият аз хизмати ҳарби пардохт мешавад эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Эмомалӣ Собирзода гуфта аст, ки ин маблағ барои беҳбуди шароити маъишатии зарбозон, таъмини либос ва ғизои онҳо ва сохти таъсисоти низомӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон харҷ хоҳад шуд.

Аз аввали моҳи апрели соли ҷорӣ даъвати ҷавонон барои хизмати ҳарби дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз шуд, ки акнун бар асоси қонини ҷадид хоҳишмандон метавонанд бо пардохти маблағи 26 ҳазору 880 сомонӣ, дафтарчаи маъофият дарёфт кунанд.

Ин афрод бо пардохт намудани ин маблағ ба ҳисоби Вазорати дифоъи Тоҷикистон пас аз омӯзишҳои як моҳаи низомӣ ба унвони сарбози захираи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дафтарчаи хариди хизмати ҳарбиро дарёфт мекунанд.

Афроди маъоф аз хизмат наметавонанд дар оянда дар ниҳодҳои интизомӣ ва дифоъӣ ва додгустари истихдом шаванд.