Алоқамандии мақомоти Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ ба тақвияти равобит         
(last modified Mon, 02 May 2022 11:17:03 GMT )
Май 02, 2022 16:17 Asia/Dushanbe
  • Алоқамандии мақомоти Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ ба тақвияти равобит         
    Алоқамандии мақомоти Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ ба тақвияти равобит         

Раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ зимни табрики сиюминсолгарди барқарории равобити дипломатик хостори тавсеаи равобити байни ду кишвар шуданд.

Эмомалӣ Рамҳмон, раиси Ҷумҳрии Тоҷикистон ва Мун Ҷэ Ин, раиси Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ бо ирсоли паёмҳои ҷудогона фаро расидани сиюминсолгарди барқарории равобити дипломатии байни ду кишварро табрик гуфтанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ таъкид кард Тоҷикистон омода аст бо талошҳои мудовими муштарак барои тақвият ва густариши равобит идома диҳад.

Вай ибрози итминон кард тадовуми сунатҳои хуб, гуфтугӯӣ сиёсӣ дар сатҳҳои мухталиф ва иҷроӣ мунсаҷими тавофуқот дар оянда низ натиҷаҳои муфид хоҳад дошт.

Раиси Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ба навбаи худ ибрози умедвори кард ба баракати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатии ҳамкориҳои ду ҷонибаи судманд байни ду кишвар дар заминаҳои мухталиф тавсеа ёбад ва дарки мутақобил ва дустии байни ду миллат ҳамчунон аз тариқи баргузоии руйдодҳои мухталиф амиқтар шавад.

 

Бештар бихонед: