Тавофуқи Чину Тоҷикистон барои густариши равобити дуҷониба
Раиси Кумитаи доимии Конгресси миллии халқи Чин эълом кард: Ин кишвар омодаи интиқоли дониш дар ҳамаи заминаҳо ба Тоҷикистон аст.
Ба гузориши хабаргузории Форс, дар дидори маҷозии Рустами Эмомалӣ-раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ва Ли Ҷиан Шо-раиси Кумитаи доимии Конгресси миллии халқи Чин бар густариши беш аз пеши равобити дуҷониба таъкид ва дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт .
Раиси Кумитаи доимии Конгресси миллии халқи Чин гуфт : Пекин ва Душанбе таҳти роҳбарии роҳбурдии сарони ду кишвар шоҳиди густариши бардавоми эътимоди мутақобили сиёсӣ, таъмиқи ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталиф ва дастовардҳои самарабахш дар чорчуби ибтикори « камарбанду ҷода » будаанд .
Ӯ ҳамкории Чину Тоҷикистон дар заминаҳои саноъатӣ, кишоварзӣ, энержӣ, зерсохтҳо, иқтисоди диҷитолӣ,вокуниш дар баробари ҳамагирии корона ва ҳамчунин талош барои беҳбуди ҳамкории амниятии ду кишварро хостор шуд .
Ин мақоми чинӣ изҳор кард: Чин омодаи идомаи баиштирокгузории таҷрибиёти худ бо Тоҷикистон дар заминаҳое монанди фақрзудоӣ, эҳёи рустоҳо ва тавсеаи кишоварзӣ аст .
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон низ таъкид кард,ки ин кишвар хостори густариши равобит бо Чин дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва амниятӣ аст.