Ҳамоиши тиҷории маҳофили бозаргонии Тоҷикистону Туркия дар Душанбе
(last modified Fri, 20 May 2022 15:55:50 GMT )
Май 20, 2022 20:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши тиҷории маҳофили бозаргонии Тоҷикистону Туркия дар Душанбе

Дар ҳошияи ёздаҳумин нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷории Тоҷикистону Туркия, ҳамоиши бозаргонони ду кишвар низ баргузор гардид.

Ба гузориши сомонаи “Ховар”, Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш таъкид кард, ки саҳми ширкатҳои туркӣ дар рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон рӯ ба афзоиш мебошад.

Вай ҳадаф аз баргузории ин ҳамоишро тақвияти ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистону Туркия унвон кард, ки дар он фурсатҳои сармоягузорӣ, қонуни молиёт дар вироиши ҷадид ва ҳамкории манотиқи озоди иқтисодии ду кишвар баррасӣ гардид.

Дар ин ҳамоиш беш аз 100 намояндаи маҳофили бозаргонии Тоҷикистон ва 21 ширкати туркӣ роҷеъ ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба баҳсу табодули назар карданд.

Гуфта мешавад, ки муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Туркия тайи 4 моҳи соли ҷорӣ ба 118 миллион доллар расидааст.

Ҳаҷми муомилоти тиҷории ду кишвар дар соли 2021 беш аз 390 миллион доллар эълом шуда буд.