Июн 10, 2022 19:05 Asia/Dushanbe
  • Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
    Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Бар асоси фармони ҷадиди Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоде аз муовинони вазоратҳо, раёсати ҳавопаймоии кишварӣ, муовини Бонки Миллӣ, масъулони ноҳияҳо, раисони донишгоҳҳо ва Маркази миллии тестӣ барканор ва афроди дигар ба ҷойи онҳо таъйин шуданд.

Ба гузориши сомонаи "Ховар", Эмомалӣ Раҳмон бо имзои фармонҳои ҷудогона раиси нави Созмони ҳавопаймоии кишварӣ, муовинони ҷадиди Вазорати кишоварзӣ ва ду моовин вазири энергетика ва захираҳои об, муовини Бонки Миллӣ, раисони Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, раиси Музеи миллии Тоҷикистон ва ду муовини мудири Маркази миллии тестӣ ва раиси ноҳияи Шаҳринавро таъйин кард.

Аз ҷумлаи ин тағйирот метавон ба таъйини Дилшод Сафарзода ба раёсати Созмони ҳавопаймоии Тоҷикистон ишора кард.

Аз сӯи дигар, яке аз мушовирони Дафтари раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барканор шудааст.

 

Барчасп