Январ 06, 2023 17:14 Asia/Dushanbe
  • Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
    Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судур чанд фармон дар давлати Тоҷикистон, тағйироти кадриро заминасозӣ кард.

Бо фармони раиси давлати Тоҷикистон Зубайдзода Муҳаммадсаид Маҳмуд ба далели даргузашт аз симати раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони вобаста ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон барканор ва Мирзозода Низом Юсуфӣ ба ин симат мансуб шуд.

Холмурод Раҳмон ба далели интиқол ба шуғли дигар, аз симати раиси Агентии беҳдошту обёрии заминҳои вобаста ба давлати Тоҷикистон барканор шуд.

Сироҷиддинзода Баҳриддин ба далели интиқол ба шуғли дигар аз симати муовини аввали идораи замин ва обёрии зери назари давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон барканор шуд. 

Бинобар фармони дигари Эмомалӣ Раҳмон, раиси Агентии беҳдошту обёрии заминҳои вобаста ба раёсати ҷумҳурӣ аз ин симат барканор ва раёсати ин ожонс бар ӯҳдаи Зафарбек Давлатзода, раиси собиқи минтақаи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд гузошта шуд.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судури дастуре Шокирзода Шодмон Шарифро ба далели бознишастагӣ аз симати муовини аввали раиси Агентии омори таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон барканор кард ва Асо Нуруллоҳ ба ин симат мансуб шуд.

Раҳмонзода Абдуғаффори Азиз ба далели интиқол ба шуғли дигар аз симати муовини аввали вазири кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барканор шуд.

Муҳаммадуллоҳзода Нуруллоҳ Раҳматуллоҳ ба далели интиқол ба вазифаи дигар аз симати муовини вазири кор, муҳоҷират ва иштиғоли Ҷумҳурии Тоҷикистон барканор шуд.

Давлатзода Зафарбек ба унвони раиси Агентии замин ва обёрии зери назари давлати Тоҷикистон мансуб шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои фармонҳои ҷудогона теъдоде аз мақомоти ин кишварро барканор ва ашхоси дигарро ба ин симатҳо таъйин кард.

Ширин Амонзода, вазири кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз ин симат барканор ва Гулнора Ҳасанзода, раиси собиқи Агентии омор ба унвони вазири ҷадиди кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ин кишвар таъйин шуд.

Амонзода аз 3 ноябри соли 2020 раёсати Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

Раёсати Агентии омори Тоҷикистон бар ӯҳдаи Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси собиқи Бонки Миллии ин кишвар гузошта шуд.

Бо дастури раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин Қурбон Ҳакимзода аз симати раиси вилояти Хатлон барканор ва ба унвони вазири нави кишоварзӣ таъйин шуд.

Э. Раҳмон дар фармони дигаре Давлаталӣ Саид, муовини собиқи нахуствазирро ба унвони сарпарасти вилояти Хатлон таъйин кард.

 

 

Барчасп