Масъуд Пизишкиён: «Дар Тоҷикистон эҳсоси ғурбат намекунам»
Имрӯз Масъуд Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни мулоқоти хосса бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон эҳсоси ғурбат намекунад ва эҳсос мекунад, ки дар ҳақиқат дар Эрон аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи «Ховар», Масъуд Пизишкиён таъкид кард, ки иртиботи Эрон ва Тоҷикистон метавонад дар тамоми заминаҳои иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва амниятӣ қатъан қавитар ва беҳтар бошад.
Пизишкиён гуфт, «Метавонем равобити гузаштаамонро устувортар гардонем. Мо омодаем, ки ба ҳамдигар барои тавсеаю рушди ҳама заминаҳои имконпазир кумак кунем».
Ёдовар мешавем, ки имрӯз маросими бошукуҳи истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири нахустин сафари давлатии меҳмони воломақом идона ороста буд, баргузор гардид.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Масъуд Пизишкиёнро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ ба меҳмони воломақом, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.
Ҳамчунин ба ифтихори ташрифи давлатии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик шуд.