Июл 08, 2022 18:20 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории Иттиҳоди Аврупо дар нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-и Тоҷикистон

Иттиҳоди Аврупо дар нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-и Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад.

Иттиҳоди Аврупо ба манзури коҳиши вобастагии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз барқи Русия, қасд дорад ба бузургтарин сармоягузор дар нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-и Тоҷикистон табдил шавад.

Ба гузориши “Форс”, “Рейтер” бо истинод ба намояндагони расмии Иттиҳоди Аврупо дар мавриди қасди Бонки сармоягузории Аврупо барои табдил шудан ба бузургтарин сармоягузори нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» хабар дод.

Ин расона бо истинод ба як намояндаи расмии Иттиҳоди Аврупо, ки аз ифшои номи худ худдорӣ кард, далели аслии ин иқдомро коҳиши вобастагии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба энержии Русия ва посухи Иттиҳоди Аврупо ба тарҳи «Як камарбанд, як роҳ»-и Чин унвон кардааст.

Вай таъкид карда, ки Иттиҳоди Аврупо алоқаманд ба дастёбӣ ба истиқлоли энержии Осиёи Марказӣ аз Русия аст.

Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст, Брюссел ва муттаҳидони ғарбии он дар вокуниш ба ҳамлаи моҳи феврали Русия ба Украина, талош карданд Маскавро мунзавӣ кунанд.

Намояндаи Бонки сармоягузории Аврупо дар суҳбат бо «Рейтер» гуфтааст, ки Комиссияи Аврупо аз ин бонк дархост кардааст то ба «бузургтарин сармоягузор» дар пружаи “Роғун” табдил шавад. Аммо вай аз зикри ҳаҷми сармоягузории эҳтимолӣ ҷиҳати такмили нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” худдорӣ кардааст.

Бинобар гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон, дар соли 2022 мелодӣ барои сохти ин нерӯгоҳ тақрибан 2. 5 миллиард сомонӣ (ҳудуди 220 миллион доллар) қудо шудааст. Аз ибтидои сохтусози ин нерӯгоҳ (аз соли 2008) то соли ҷорӣ, барои такмили сохти ин нерӯгоҳ 37. 7 миллиард сомонӣ ҳазина шудааст.

Интизор меравад, сохтусози нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” то соли 2033 мелодӣ ба таври комил ба итмом бирасад.