Оғози дубораи ҳаракати қаторҳо миёни Тоҷикистону Русия пас аз дувуним сол
Ширкати роҳи оҳани Русия аз оғози дубораи ҳаракати қаторҳо миёни ин кишвар бо Тоҷикистони пас аз дувуним сол вақфа хабар дод.
Ба гузориши сомонаи РИА Новости, аз 30 августи соли ҷорӣ ҳаракати ҳафтаии рафту баргашти қатори мусофирбарӣ миёни Душанбе ва шаҳри Волгогради Русия оғоз хоҳад шуд.
Ҳамчунин аз 7 сентябри соли ҷорӣ ҳаракати қатор ҳафтае як бор дар масири Хуҷанд ва шаҳри Волгогради Русия барқарор хоҳад шуд.
Анвар Латифзода, яке аз масъулони ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон таъкид кард, ки пас аз музокирот бо мақомоти Вазорати нақлиёти Русия бар сари азсаргирии дубораи ҳаракати қаторҳо миёни ду кишвар тавофуқ шуд.
Дар пайи густариши вируси корона дар баҳори соли 2020 ва ба далели қатъи ҳаракати қаторҳо миёни Русия ва Тоҷикистон, шаҳрвандони Тоҷикистон маҷбур буданд, ки бо ҳавопаймову автобус ба Русия сафар кунанд.
Бештар бихонед: