Размоиши низомии Амрико ва кишварҳои Осиёи Миёна дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 16 Aug 2022 04:13:18 GMT )
Август 16, 2022 09:13 Asia/Dushanbe
  • Размоиши муштараки Амрико бо кишварҳои Осиёи Миёна дар Тоҷикистон дар ҳоли баргузорӣ аст
    Размоиши муштараки Амрико бо кишварҳои Осиёи Миёна дар Тоҷикистон дар ҳоли баргузорӣ аст

Размоиши муштараки Амрико бо кишварҳои Осиёи Миёна дар Тоҷикистон дар ҳоли баргузорӣ аст.

Ба гузориши хабаргузории «Меҳр», сафорати Амрико дар шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон бо судури баёнияе эълом кард, ки размоиши низомии фармондеҳии марказии Иёлоти муттаҳида бо ҳамроҳии кишварҳои Осиёи Миёна дар Тоҷикистон оғоз шудааст ва то ҳафтаи оянда идома дорад.

Размоиши мавсум ба «Ҳамкории минтақаӣ - 2022» бо ширкати неруҳои мусаллаҳи Амрико, Тоҷикистон, Покистон, Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон дар ҳоли иҷро аст.

Ҷон Марк Поммершейм, сафири Амрико дар Душанбе дар суханронии худ дар ифтитоҳи ин размоиш иддао кард: Размоиши мавриди назар ба унвони як рӯйкарди муҳим барои ёфтани роҳиҳалҳои мусолиматомез барои чолишҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ, ба иштирокгузории иттилооту беҳбуди ҳамкориҳо дар заминаи амният амал мекунад!

 

Бештар бихонед: