Декабр 03, 2016 18:47 Asia/Dushanbe
  • Дар сардиҳои моҳи ноябри соли ҷорӣ мактабҳои вилояти Хатлон фаъол будаанд

Сайфулло Лутфуллоев, муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон мегуяд, ки новобаста аз сардиҳои бесобиқаи ахири моҳи ноябр ва аввали моҳи декабр ҳамаи мактабҳои вилояти Хатлон фаъол будаанд.

Оқои Сайфуллоев дар идомаи суханрониаш мегуфт,  сардиҳои рӯзҳои ахир  боиси  кам дар дарсҳо иштирок намудани толибилмон гардид, зеро  шароити на ҳамаи оилаҳо якхела буда,   бархе  аз онҳо  дар таъмини фарзандонашон бо сару  либоси зимистона душворӣ  мекашанд.

Инак, мувофиқи маълумоти  Раёсати маорифи вилояти Хатлон  аз  зимистони соли 2015 -2016,  дар мактабҳои вилоят қариб 3 ҳазор тонна  зуғолсанг боқи мондаву соли равон барои зимистонгузаронӣ 10 ҳазор тонна  зуғолсанг, 30 ҳазор метри куби ҳезум ва  89 тонна сӯзишвории нафтӣ захира кардаанд.

 Дар ҳоле, ки соли равон мисли солҳои қаблӣ истифодаи қувваи  барқ реҷабандӣ шудааст, аз фаъолият накардани бештари буғхонаҳои гармидиҳӣ    дар  муассисаҳои таълимии   баландошёна  аз бухориҳои  барқӣ  истифода мекунанд.

Масъулони идораи барқ ба он назаранд, ки истифодаи зиёди бухорӣ  ва дигар таҷҳизоти барқӣ то ба ҷое расида, ки талабот ба нерӯи барқ  дар бештари шаҳру ноҳияҳо аз меъёри муқараршуда бештар шудааст.

Коршиносони соҳа ба он назаранд, ки фаъолият намудани  буғхонаҳои  гармидиҳӣ ,  барои  таъмини аҳолӣ дар фасли сармо  бо кувваи барқ  мусоидат мекунанд,  вале дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Ховалинг ва Балҷувон буғхонаҳои гармидиҳӣ  нестанд.  

Ба замми ин  зимистони соли ҷорӣ  Корхонаи  фаърии байниноҳиявии  «Қӯрғонтеппагаз», пурра  аз фаъолият  мондааст.

Хотиррасон мешавем, ки дар маркази вилояти Хатлон  шаҳри Қӯрғонтеппа  маҳдудияти   истифодабарии  қувваи барқ нест, вале дар рӯзҳои сарди зимистон сар задани саддамаҳои  барқӣ  боиси ташвиш ва озурдахотирии  аҳолӣ мегарданд.