Хуҷанди Тоҷикистон хоҳархондаи Язд мешавад
(last modified Mon, 22 Aug 2022 04:40:39 GMT )
Август 22, 2022 09:40 Asia/Dushanbe
  • Шаҳри Хуҷанд аз ҷумлаи шаҳрҳои муҳими Тоҷикистон аст
    Шаҳри Хуҷанд аз ҷумлаи шаҳрҳои муҳими Тоҷикистон аст

Мудири иртибот ва умури байналмиллалии шаҳри Язд гуфт: Хуҷанди Тоҷикистон ба зуди ба ҷамъи шаҳрҳои хоҳархондаи шаҳри меъросии ҷаҳонии Язд мепайвандад.

Ба гузориши Садои Хуросон, Ҳомиди Султонӣ, сухангуи шаҳрдории Язд афзӯд: Шаҳри Хуҷанд аз ҷумлаи шаҳрҳои муҳими Тоҷикистон аст ва дар мурдоди соли гузашта мавриди тарҳ қарор гирифт ва иқдомоти аввалияи он анҷом шуд.

Вай идома дод, бо пешниҳоди қабли аз тарафи масъулони шаҳри Язд, имсол давлати Тоҷикистон ба сурати расми бо ин пешниҳот мувофиқат ва онро ба шаҳрдории Язд иблоғ кард.

Мудири иртиботот ва умури байналмиллалии шаҳри Язд тасреҳ кард: муқадамоти инъиқоди тафоҳумномаи расмии хоҳархондагии Язд бо Хуҷанд анҷом шуда ва дар замони мушахас ин иқдом анҷом мешавад то ин шаҳр низ ба чамъӣ хоҳархондаҳои Язд изофа шавад.

Вай хотирнишон кард: Дар миёни 12 кишвари ҳавзаи Наврӯз, кишвари Тоҷикистон бештарин ташобуҳотро бо Эрон дорад ва ба ҳамин далел шаҳри Хуҷанд ба унвони яке аз авлавиятҳои хоҳархондагӣ қарор гирифт.