Гуфтугӯи телефонии Путин ва Раҳмон
Дар тамоси телефонии раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия, чашмандози тавсеаи бештари равобити дӯстонаи байни ду кишвар баррасӣ шуд.
Ба гузориши хабарнигори хабаргузории “Форс” дар Душанбе, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар тамоси телефонӣ бо якдигар гуфтугӯ карданд.
Сарони ду кишвар дар идомаи гуфтугӯҳои муназзам, ҷанбаҳои хосе аз равобити дӯстиву ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистону Русия ва чашмандози тавсеаи бештари онро дар чорчӯби мушорикати роҳбурдӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ду тараф дар мавриди мавзуоти байналмилалӣ ва бархе аз масоили ҳамкориҳои минтақаӣ, аз ҷумла таъмини амнияти минтақа бо таъкид бар вазъияти Афғонистон табодули назар карданд.
Сарони ду кишвар ҳамчунин барномаву дастури кори рӯйдодҳои чандҷонибаи ояндаро баррасӣ ва дар хусуси ин мавзуот ба тавофуқ расиданд ва бар аҳамияти тавсеаи бештари ҳамкориҳои чандҷонибаи Тоҷикистону Русия таъкид карданд.