Сентябр 20, 2022 09:08 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон аз Созмонҳои байналмиллалӣ хостааст, ки бар асоси воқеъият, рӯйдодҳои 14 ва 17 сентябрро арзёбӣ кунанд
    Тоҷикистон аз Созмонҳои байналмиллалӣ хостааст, ки бар асоси воқеъият, рӯйдодҳои 14 ва 17 сентябрро арзёбӣ кунанд

Тоҷикистон аз Созмонҳои байналмиллалӣ хост то як арзёбии воқеъбинона аз рӯйдодҳои марзӣ бо Қирғизистон анҷом диҳад.

Ба гузориши Садои Хуросон, мақомоти минтақаи Суғди Тоҷикистон бо интишори баёния ва аксҳое аз паёмадҳои даргирии ахир дар марзи ин кишвар бо Қирғизистон аз Созмонҳои байналмиллалӣ хостаанд то бо дидани айни ва бар асоси воқеъият, рӯйдодҳои 14 ва 17 сентябрро арзёбӣ кунанд.

Дар ин баёния ҳамчунин мақомоти Тоҷикистон ба Созҳмонҳои байналмиллалӣ тавсиа кардаанд, ки таҳти таъсири таҳрикот, тавтиаҳои дастгоҳои таблиғотии Қирғизистон қарор нагиранд.

Бар асоси баёнияи дафтари матбуотии раиси минтақаи Суғд (устондори Суғд) аксҳои манотиқи марзии Исфара бори дигар собит мекунад, ки  нерӯҳои низомии кишвари ҳамсоя бо анвоъи силлоҳои сангин ба рустоҳои марзии Точикистон, сохтмонҳои имронӣ ва  ба хонаҳои сокинони ин минтақа шилик карда ва амокинро оташ задаанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп