Вокуниши Тоҷикистон ба суханони дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон
(last modified Wed, 21 Sep 2022 07:30:21 GMT )
Сентябр 21, 2022 12:30 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Тоҷикистон ба суханони дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон

Вазорати умӯри хориҷаи Тоҷикистон иттиҳомоти дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон дар робита бо ҳузури террористҳо дар даргирии марзӣ байни ду кишварро дасткорӣ ва таҳрифи ҳақоиқ бо ҳадафи гумроҳ кардани афкори умумии ду кишвар унвон кард.

Ба гузороиши Форс, вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба изҳороти Марат Имонқулов, дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон вокуниш нишон дод.
Ниҳоди дипломатии Тоҷикистон эълом кард, ки ингӯна изҳорот мубтанӣ бар дасткорӣ ва таҳрифи ҳақоиқ ва ҳамчунин сохтагӣ барои гумроҳ кардани афкори умумии ду кишвар аст.
Бинобар эъломи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, масъӯлияти авоқиби чунин изҳороти нодурусте, ки метавонад авзоъро дар ин даврони сахт барои мардуми ду кишвар мултаҳиб кунад, бар уҳдаи виҷдони баёнкунандагони онҳост.
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон бори дигар мавзеи Тоҷикистон дар мавриди ғайри қобили қабул будани ташдиди таниш дар фазои расонаиро таъйид мекунад.
Ниҳоди дипломатии Тоҷикистон таъкид кард: Тоҷикистон бо истиқбол аз имзои протаколи ҳаллу фасли авзоъ дар марз аз сӯи сарони ниҳодҳои амниятии ду кишвар дар 19 сентябр муътақид аст, ки риояти дақиқи он имкони аз саргирии раванди музокирот дар ҳамаи мавзӯъоти дастури кори дуҷониба, фароҳам мекунад.