Сентябр 29, 2022 11:34 Asia/Dushanbe
  • Маркази дармонӣ дар Рудакӣ
    Маркази дармонӣ дар Рудакӣ

Дар деҳаи Ҳуснобод, аз тавобеи ноҳияи Рӯдакӣ, аз маркази дармонӣ баҳрабардорӣ шуд.

Ин маркази дармонӣ шомили утоқҳои ваксинатсия, тибби хонавода ва пизишки умумӣ ва тахассусӣ аст.

Дар маросими баҳрабардорӣ аз ин маркази дармонӣ намояндагоне аз бахшдории Рӯдакӣ ширкат карданд.

Соли ҷорӣ 8 маркази беҳдоштии дармонӣ дар минтақаи Рӯдакӣ, дар атрофи Душанбе сохта ва баҳрабардорӣ шудааст ва қарор аст то поёни соли ҷорӣ 3 маркази дармонии дигар низ дар ин ноҳия бунёд шавад.