Мизбонии Теҳрон, Шероз ва Табрез аз "Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон"
Дар идомаи тавофуқи масъулони фарҳангӣ ва ҳунарии Эрону Тоҷикистон, Рӯзҳои фарҳангии ин кишвар, ҳамзамон дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табрез баргузор мешавад.
Бо ҳамкории вазоратхонаҳои фарҳангии Эрону Тоҷикистон ва Созмони фарҳангу иртибототи исломӣ, Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон сеюм то ҳаштуми октябр дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табрез баргузор мешавад.
Ин рӯйдоди фарҳангӣ, шомили иҷрои барнома тавассути гурӯҳҳои ҳунарӣ, аз ҷумла гурӯҳи намоиш, гурӯҳи мусиқӣ, шеърхонӣ тавассути шоирои тоҷикистонӣ ва баргузории намоишгоҳи наққошӣ, акс, ҳунарҳои дастӣ ва либосҳои миллии Тоҷикистон мешавад.
Маросими ифтитоҳияи "Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон" фардо душанбе бо ҳузури вазирони фарҳанги ду кишвар, раиси Созмони фарҳангу иртибототи исломӣ ва шахсиятҳои фарҳангӣ ва ҳунарии дохилӣ ва хориҷӣ дар Теҳрон баргузор мешавад.
Ба гузориши ИРНА, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон соли гузашта дар дидор бо ҳуҷҷатулислом Муҳаммадмаҳдии Имони Пӯр, раиси Созмони фарҳангу иртибототи исломии Эрон, пешниҳоди баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Эронро матраҳ кард.