Октябр 31, 2022 11:04 Asia/Dushanbe
  • Радди хабари ирсоли паҳбодҳои эронӣ аз Тоҷикистон ба Украина

Вазорати умӯри хориҷаи Тоҷикистон эълом кард таҷҳизоти низомӣ ба кишварҳои дигар ирсол намекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Тоҷикистон изҳороти Дмитрий Гордон, рӯзноманигори украинӣ дар бораи монтажу ҳамли паҳподҳои эронӣ барои амалиёти низомӣ дар Украинаро рад кард . Дар баёнияи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон омадааст : " Мо иддаоҳои Дмитрий Гордон-веблогнависи украиниро, ки дар 28 октябри 2022 дар барномаи " В гостях у Гордона" дар бораи тавлиди паҳподҳои " куштори украиниҳо " тавассути Эрон дар Тоҷикистон матраҳ кард, рад мекунем . Вазорати умӯри хориҷаи ин кишвар эълом кард, ки Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ ба кишварҳои дигар ирсол намекунад . Ин вазоратхона таъкид кард : " Тавсия мекунем, ки оқои Гордон ҳамчунон ба ин гуна назарот тавваҷуҳ кунаду сиҳҳати иттилоотеро ки мунташир кардааст, баррасӣ кунад . " Ҳамчунин ин ниҳод гуфтааст ки тарафи Тоҷикистон ҳеҷ дархосте аз Киеви расмӣ дар ин замина дарёфт накардааст. Пеш аз ин Гордон дар мавриди Узбекистон низ ҳамин иттиҳомро матраҳ карда буд, ки Тошканд расман ин изҳоротро рад кард . Дар идома ин веблогнависи украинӣ гуфт, ки манзур ӯ Узбекистон нест, балки Тоҷикистон будааст .
 

 

Барчасп