Ҷалби сармоягузори аз суи Умон дар тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон
Мавзуъоти ҷалби сармоягузорони уммонӣ барои иҷрои тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон мавриди баҳсу барраси қарор гирифт.
Зубайдулло Зубайдзода, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар салтанатии Уммон рузи 21 ноябр бо Ризо Ҷумъа Оли Солеҳ, раиси утоқи бозаргонии ва саноати Уммон дидору гуфтугу кард.
Ба гузориши Ховар ба нақл аз Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар ин мулоқот мавзуъоти ҷазби сармоягузории уммонӣ барои иҷрои тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷории ду кишвар ва ҳамчунин баргузории ҳамоишҳои тиҷорӣ ва намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ мавриди баҳсу барраси қарор гирифт.
Сафири Тоҷикистон бо Ноиф ибни Алӣ ал-Абрӣ, бо роҳбари мақомоти авиатсияи граждании Уммон дидор кард. Дар ин дидор мавзуъоти ҳамкори байни сохторҳои мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ва Уммон ифтитоҳи павозҳои мустқим байни ду кишвар мавриди баҳсу барраси қарор гирифт.