Тақвияти равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Юнон
Тоҷикистону Юнон равобити дуҷонибаро тақвият мекунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар мулоқоти Сироҷиддини Муҳриддин ва Никос Дендиас,вазирони умӯри хориҷаи ду кишвар дар шаҳри Лодзи Полша роҳҳои тақвияти равобити дуҷониба баррасӣ шуд .
Дар ин мулоқот мавзӯъоти муҳими тавсеаи равобити дуҷониба ва чандҷонибаи миёни Тоҷикистону Юнон баҳс ва баррасӣ шуд .
Тарафайн ҳамчунин дар хусӯси густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои иқтисодиву тиҷорӣ, гардишгарӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ ва ҳамчунин дар чорчӯби созмонҳои байналмиллалӣ табодули назар карданд .
Бисту нуҳумин иҷлоси Шӯрои вазирони Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ( OSCE ) дар шаҳри Лодзи Полша баргузор мешавад, ки ҳайати Тоҷикистон ба сарпарастии Сироҷиддини Муриддин, вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар он ширкат кард.