Таҳлил; Оғоз бакори Комиссияи муштараки иқтисодии Эрону Тоҷикистон
(last modified Tue, 06 Dec 2022 14:57:42 GMT )
Декабр 06, 2022 19:57 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил; Оғоз бакори Комиссияи муштараки иқтисодии Эрону Тоҷикистон

Понздаҳумини Комиссияи муштараки иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Эрону Тоҷикистон рӯзи душанбе дар Теҳрон оғоз бакор кард.

Ин нишаст бо таъкид бар аҳаммияти ҳифзу иртиқои равобиту ҳамкориҳои мутақобил ва дар ростои таҳкими равобиту густариши ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон ба мизбонии вазорати нерӯи Эрон ва раёсати Алиакбари Меҳробиён ва Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои Тоҷикистон оғоз шуд.

Ду тараф дар фазои дӯстона, роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, бозаргонӣ, фаннӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ташкили кумитаҳо ва гуруҳҳои корӣ, пайгирии тавофуқот ва тавсеаи ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Пеш аз ин, чаҳордаҳумин Комиссияи муштараки иқтисодии Эрону Тоҷикистон дар июни 2021 дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор шуда буд. Густариши равобит бо кишвари Тоҷикистон, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ қарор дорад ва дорои марзҳои муштарак бо Эрон нест, аммо пайвандҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва забонии фаровоне бо Эрон аст.

Дар чорчӯби сиёсати ҳамсоягӣ дар ҳоли анҷом аст. Албатта Теҳрон аз ибтидои истиқлоли Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хосе ба ин кишвари Осиё Марказӣ доштааст. Дар ин чорчӯб, ба дунболи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 сентябри 1991, Ҷумҳурии Исломии Эрон аввалин кишваре буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохту сафорати худро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ кард.

Ҳарчанд равобити ду кишвари Эрону Тоҷикистон дар тӯли се даҳаи ахир бо фарозу фурӯдҳое ҳамроҳ будааст, аммо дар чанд соли ахири равобити Теҳрон ва Душанбе рӯ ба пешрат дошта ва бо таваҷҷӯҳ ба тавонмандиҳо ва имконоти Эрон дар абъоду ҷанбаҳои мухталиф, Тоҷикистону Эрон равобити рӯ ба густарише доштаанд.

Ба эътиқоди коршиносон, наздикӣ ва пайванди деринаи фарҳангӣ, динӣ ва таърихӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон, бистаре муносиб барои тавсеа ва таъмиқи равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталиф миёни Теҳрону Душанбе эҷод кардааст ба тавре, ки таъомулоти ду кишвар бо вуҷуди сангандозиҳои хориҷӣ дар ҳоли густариш аст. Ин амр бавижа дар давлати сездаҳум ташдид шудааст.

Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон мегуяд: Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иштирокоти фаровони таърихӣ, динӣ, тамаддунӣ, фарҳангӣ ва забонӣ бархӯрдоранд.

Дар соли 1400 беш аз 139 ҳазор тонн колои ғайринафтӣ ба арзиши 131 миллиондоллар байни Эрону Тоҷикистон табодул шуд, ки нисбат ба соли 1399 , рушди 489 дарсадӣ дар вазн ва 463 дарсадӣ дар арзишро ба ҳамроҳ доштааст.

Сиёсати ҳамсоягӣ ва рӯйкарди мутавозин дар сиёсати хориҷии Эрон яке аз аввалинҳои эъломии рӯйкарди сиёсати хориҷии Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон барои давлати сездаҳум аст, ки метавон онро бахше муҳим аз сиёсати калони таъомули ҳӯшманд бо ҷаҳон донист. Давлати сездаҳум сиёсати ҳамсоягиро дар авлавият қарор дода ва раисиҷумҳури Эрон аз ибтидо таъомули ҳасана ва ҳамкории густарда бо ҳамсоягонро ба унвони нуқтаи марказии дипломасии иқтисодии давлати сездаҳум таъйин кард.

Ҳамчунин ташкили муовинати дипломасии иқтисодӣ дар вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон гоми муҳимме дар ин арса маҳсӯб шуда ва мӯҷиби афзоиши таъомулоти дипломатӣ бо кишварҳои ҳамсоя, осиёӣ ва авруосиёӣ дар ростои густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ ва низ афзоиши содироти Эрон ба ин кишварҳо шудааст.

Дар ин росто таъкид бар сиёсати ҳамсоягӣ ва низ густариши равобит бо кишварҳои осиёӣ ва авруосиёӣ ба хусӯс Тоҷикистон мубтанӣ бар тақвияти дипломасии иқтисодӣ ва афзоиши таъомулот бо ин кишварҳо ва истифода аз зарфияти онҳо дар сояи тақвияти муносиботи иқтисодӣ ва тиҷорӣ аз барномаҳои ҷиддии Ҷумҳурии исломии Эрон башумор меравад.

Омодагии Эрон ба унвони як кишвари таъсиргузор дар абъоди мухталифи иқтисодӣ, барои равнақи дипломасӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ бо ҳамсоягон, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ бавижаи Тоҷикистон дар ҷараёни сафарҳои мутақобили мақомоти аршад ва баргузории ҳамоиши раисони намояндагиҳои Эрон пайгирӣ шудааст.

Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон мегуяд: Тоҷикистон танҳо кишвари комилани форсӣ забон аст ва на танҳо имрӯз як кишвари комилан роҳбурдӣ барои мост, балки дар оянда ин ҷойгоҳи муҳим барои Эрон бо аҳаммияттар ва равшантар хоҳад шуд.