Декабр 29, 2022 14:06 Asia/Dushanbe
  • Мақоми байналмилалии ҷудо ё дзюдои Тоҷикистон
    Мақоми байналмилалии ҷудо ё дзюдои Тоҷикистон

Ба варзиши ҷудои Тоҷикистон гувоҳиномаи байналмилалӣ дода шуд.

Гӯштии миллии тоҷикӣ ҷойгоҳи байналмилалӣ касб кард. Ин мадраки байналмилалӣ дар Вазорати додгустарии Швейтсария сабт шуд.

Муҳаммадтолиби Шокирзода, раиси идораи тарбияти баданӣ ва тавсеаи варзиши дастгоҳи марказии кумитаи варзиш ва ҷавонони Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб гуфт, барои касби ин мақом пеш аз оғози рақобатҳои байналмилалии ҷудо бо ҳузури намояндагони 31 кишвар, 19 марти 2022 конфронсе дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, ки дар он намояндагони кишварҳои ширкаткунанда аз ин тасмим ҳимоят карданд.

 

Барчасп