Дидори мақомоти Тоҷикистон ва Фаластин
(last modified Sat, 04 Feb 2023 13:29:12 GMT )
Феврал 04, 2023 18:29 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти Тоҷикистон ва Фаластин

Роҳбари гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин дидору гуфтугу карданд.

Ба гузориши сомонаи Ховар,дар Душанбе дурнамои ҳамкорӣ ва робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Фаластин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. 

Таъкид карда шуд, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Давлати Фаластин, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо, дар навбати аввал беҳтарсозии кори Гурӯҳи дӯстии парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин  муҳиму манфиатбор шуморида шуд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳадафи тавсеаи муносиботи дуҷониба дар моҳи октябри 2020 бо Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин гурӯҳи дӯстӣ таъсис карданд.