Тоҷикистон 50 тонна кумаки башардӯстона ба Сурия ирсол мекунад
Вазири хориҷа Тоҷикистон гуфт, ин кишвар дар наздиктарин фурсат барои зилзилазадагони Сурия 50 тон кумаки башардӯстона ирсол хоҳад кард.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ рӯзи 17-уми феврал, зимни нишасти хабарӣ гуфт, кумаки Тоҷикистон ба Сурия аз маводи хӯрокворӣ, лавозимоти рӯзгор ва маводи беҳдоштӣ иборат хоҳад буд.
Вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон гуфт, дар мавриди эъзоми гурӯҳи имдоду наҷоти ин кишвар ба Сурия иқдом нашудааст, зеро чунин дархосте аз сӯи Димишқ матраҳ нашудааст.
Шоёни зикр аст, ки Тоҷикистон ба дархости Туркия 50 нафар аз имдодгарони худро ба ин кишвар эъзом кард, ки ҳамчунон дар амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот дар шаҳри Қаҳрамон Маръаш ширкат мекунанд.
Ҳамчунин соли гузашта, Тоҷикистон дар поёни соли 2022 дар пайи вуқуъи селобҳои шадиду вайронгар дар Покистон ба ин кишвар ба мизони 19.2 миллион сомонӣ (ҳудӯди 2 миллиондоллар) кумаки башардӯстона ироа дода буд.