Декабр 17, 2016 19:39 Asia/Dushanbe
  • Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон 5 ҳазор ҷои кор муҳаё мешавад

Дар вилояти Хатлон бо таҷдиди Корхонаи нуриҳои Азотии Вахш бунёди 1000 ҷои корӣ ва бо пурра амали шудани лоиҳаи « Обёрии заминҳои водии Данғара» 5 ҳазор ҷои корӣ муҳаё мешавад.

Ин дар ҳолест, ки бо масрафи маблағҳои зиёд дар минтақаҳои озодии иқтисодии  «Данғара» ва  «Панҷ» бунёди корхонаҳои истеҳсоли бомаром идома дорад.

Инак, баъди ба имзорасии созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Хэнан Чжун Я гуруҳи холдинги» и  Ҷумҳурии мардуми Чин» «Оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Азот» корҳои азнавсозӣ шуруъ  шудаанд.

Дарназар аст, ки  марҳилаи аввали таҷдиди корхонаи «Азот»  моҳи феврали соли 2018 бо истифода аз зағоласанг  анҷом шуда, истеҳсоли 320 ҳазор тонна   аммиаки сунъӣ ва карбамид  дар як сол даст медиҳад.

Коршиносон мегуянд, ки дар сурати пурра ба кор даромадани корхонаи мазкур иқтидори солонаи он  500 ҳазор  тонна карбамид буда,  беш аз 1000 ҷоий кори ташкил мешавад.

Хотиррасон мешавем, ки баъди қаът гаштани интиқоли гази табии аз Ҷумҳурии Ӯзбакистон корхонаи истеҳсоли нуриҳои маъданӣ дар қисмати ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолият бозмонд ва  то ба имрӯз 1000 нафар  бекорон  дар қайди корхона боқӣ мондаанд.

 Қобили зикр аст, ки  то ба имрӯз ду марҳилаи «Обёрии заминҳои Данғара» анҷом шудаву марҳилаи севуми он моҳи декабри соли 2019, ки обёрии 1750 гектар замин пешбини шудааст, анҷом мешавад. Ин дар ҳолест, ки бо анҷоми ду марҳила теъдоди зиёди аҳолӣ, бахусус муҳоҷирони экологӣ аз ноҳияҳои тобеъе ҷумҳурӣ ва ноҳияи Дарвози вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон бо манзили  зист ва замин  таъмин шудаанд.

 Тибқи маълумоти оморӣ Митнақаи озодӣ иқтисодии «Панҷ», воқеъ дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар масоҳати 972 гектар ҷойгир буда,   дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ дар Минтақа  ба маблағи 924 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом шудаанд.

 Умед Давлатов, муовини  вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон  гуфтааст, ки то  ба имрӯз дар Минтақаи озодии иқтисодии «Панҷ» 15 субъект ба қайд гирифта шуда,  аллакай ду ширкат маҳсулот тавлид мекунанд.  Оқои Давлатов  ба он назар аст,  ки  дар минтақаи  озоди иқтисодии «Панҷ» бештар амборҳо сохта шаванд, зеро минтақаи мазкур барои тиҷорат нигаронида шудааст.

Дар минтақаи озодии иқтисодии Данғара дар 10 моҳ 101 миллиону 416 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмони анҷом шуда, дар ин давра 6 корхаи саноатӣ ба фаъолият шуруъ кардаанд.

Пӯшида нест, ки дар қатори бунёди корхонаҳои нав дар вилояти Хатлон  ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки корхонаҳои навбунёд  баъди якчанд моҳ  аз фаъолият бозмонда боиси нигаронии  мардум мегарданд.