Муъҷизаи донаҳои помидор
Ҳамакнун бисёре аз ашхос дар саросари ҷаҳон рӯзона аспирин масраф мекунанд , то аз лахта(баста) шудани хун пешгирӣ кунанд.
Ин дар ҳолест, ки масрафи ин дору метавонад зарарҳои зиёде монанди хунрезии меъдаро ба ҳамроҳ дошта бошад. Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии шабкаи Хабар, таҳқиқот нишон медиҳанд донаҳои помидор метавонанд ба унвони ҷойгузини табии аспирин корбурд дошта бошанд.
Донишмандон дар донаҳои помидор моддаеро пайдо карданд, ки метавонад бо пешгирӣ аз лахта шудани хун дар бадан, ба гардиши табии хуни инсон кумак карда ба навъе амалкарди доруи аспиринро шабеҳсозӣ кунад.
Озмоишот нишон медиҳанд 3 соат баъд аз масрафи аспирин гардиши хун дар бадан ба ҳолати якнавохт дармеояд ва таъсири он то 18 соат дар бадан боқӣ мемонад. Албатта ин ёфтаҳо ба ин маънӣ нестанд, ки шумо иҷозат доред масрафи аспиринро худсарона қатъ кунед.