Розҳои ҷавонӣ аз дидгоҳи тибби суннатӣ
Як мутахассиси тибби суннатӣ гуфт: Хурдани шир, асал, зардаи тухми мурғ ва бодом дар коҳиши раванди пирии бадан бисёр таъсиргузор аст.
Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии шабакаи Хабар, Алии Ҳусайнӣ афзуд: Аз дидгоҳи тибби сунаттӣ аз синни 40 солагӣ ба баъд тағйири мизоҷ ба самти пирӣ меравад, ки метавон ин равандро ба таъхир андохт.
Вай гуфт: Бино бар ин бо кумаки дастуроти тағзияӣ метавон ба пуст рутубат(тару тозагӣ) расонд. Яке аз ин равишҳо истеъмоли моҳӣ аст, чаро ки равғани моҳӣ зидди пирӣ ва стресс аст ва кислотаҳои равғании Омего3-и мавҷуд дар равғани моҳӣ беҳтарин роҳ барои тақвияти неруи баданӣ аст.
Ҳусайнӣ афзуд: Ин равғани моҳӣ аз раванди пир шудани ҳуҷайраҳо ҷиавгирӣ мекунад ва гуфта шуда масрафи 3 грамм аз ин равған дар тули рӯз лозим аст.
Ин мутахассиси тибби сунаттӣ гуфт: Ҳамчунин доштани хоби кофӣ дар тули шабонарӯз ба раванди кунд шудани пирии пуст кумак мекунад. Бинобарин истироҳат ба мизони кофӣ ва хоби муфид аз роҳҳои пешгирӣ аз пир шудани бадан ва пуст ба шумор меравад. Вай коҳиши ҳаҷми ғизоро дар тули рӯз барои ҳазми роҳаттар аз дигар роҳҳои ҷавонии пуст унвон кард ва афзуд: Хурдани шир, асал, зардаи тухми мурғ ва бодом дар коҳиши раванди пирии бадан бисёр таъсирбахш аст.
Ҳусайнӣ бар ҳаммом кардан ва оббозӣ намудан ва мартуб нигор доштани пуст таъкид кард ва гуфт: Ҳаммом кардан илова бар инки боиси обрасонӣ ва мартуб шудани пуст мешавад, балки дар коҳиши стресс ва ором шудани асабҳо низ асарбахш аст.
Вай гуфт: Яке дигар аз нусхаҳои табиӣ ва гиёҳии дармони ожанг ва чурукии пуст ва пешгирӣ аз пирии пуст, истифода аз омехтаи пусти хардшудаи бодиринг ва гулоб аст.