Апрел 14, 2019 09:29 Asia/Dushanbe
  • Дармони тирагии гирди чашм бо як дамнуш

Дамнуш (дамкарда) и гули довудӣ(хризантема) дорои хосиятҳои фаровоне аст, ки дар ҳифзи саломатии бадан муассир аст. Истеъмоли он пас аз як рузи корӣ хастагиро аз тан берун мекунад ва боиси оромиши бадан ва зеҳн мешавад.

Ба гузориши сайти Health News  дамнуши гули довудӣ дорои хосиятҳои зер аст:

Тирагии гирди чашмро рафъ мекунад.

Парешонии хобро бартараф мекунад.

Илтиҳоби шушро бартараф мекунад.

Ҳамчунин дорои хосиятҳои зиддиқорчӣ- зиддибактирияӣ ва зиддивирусӣ аст ва дар поксозии ҷигар асарбахш аст.

Аз он ҷо, ки кафеин надорад масрафи он ҳеҷ навъ зарари ҷонибӣ  монанди изтироб эҷод намекунад.

Ба таври таъсиргузор бемориҳои қалбӣ-рагӣ, варам ва баста шудани рагҳоро дармон мекунад. Гулудард, хориш ва сурхии чашмро рафъ мекунад.

Бо хориҷ кадани заҳр аз ҷигар миқдори холестерини хуни  баданро коҳиш медиҳад.

Барчасп