Июл 04, 2019 08:52 Asia/Dushanbe
  • Тавсияи имом Ризо (а) барои сиҳҳати бадан

Имом Ризо (а) барои сиҳҳати бадан аз сармо ва гармо тавсияҳое фармудаанд.

Имом Ризо (а) барои сиҳҳати бадан аз сармо ва гармо тавсияҳое фармудаанд: барои пешгирӣ аз гармозадагӣ дар рӯзҳои тобистон зимни парҳез аз офтоб хурдан рӯзе як бодринг фоидаи фаровоне дорад.

ҳаркас мехоҳад дар фасли зимистон аз бемории сармохурдагӣ дар амон бимонад ҳамарӯза се қошуқ асал бихурдад.

Албатта он даста аз асалҳо, ки вақте пеши бинӣ мегиред буи тундаш шуморо ба атса меандозад ё асале, ки одамро дучори беҳолӣ ва сустӣ мекунад ва он асале ки забони одамро месузонад асалҳои хубе нестанд.

Ба тавсияи имом Ризо (а) аз ифрот дар хурдани тухми мурғ ҳам бояд бипарҳезем, зеро ин ифрот кабадро аз амали муназзам боз медорад ва дар сару меъда бодҳои зиёнбахше ба вуҷуд меоварад.

 

Барчасп