Июл 31, 2019 13:57 Asia/Dushanbe
  • Нусхаи содаи Ибни Сино барои дармони

Абуалӣ Сино ҳакими бузурги эронӣ дар китоби "Қонун"-и худ тарзи таҳияи шарбати сода ва хосеро омӯзиш дода, ки дар дармони кабади чарб бисёр нофеъ аст.

Бар асоси омӯзаҳои тибби суннатӣ, аксари бемориҳо ҳатто бархе аз бемориҳои сахтдармон, дармонҳои бисёр сода ва бар асоси ислоҳи тағзия ва риояти бархе аз парҳезҳо доранд.

Имрӯза кабади чарб бемориест, ки бисёре аз мардум дар нуқоти мухталифи дунё ба он гирифтор ҳастанд ва дар тибби навин барои дармони ин беморӣ, анвоъ ва ақсоми доруҳои химиёӣ бо аворизи бисёр таҷвиз мешаванд.

Ҷолиб инки ҳамин бемории кабади чарб дар анвоъ ва ақсоми худ ҳатто дар мавориди ҳоди он ки гоҳе мунҷар ба "сируз кабадӣ" мешавад, просаи дармони сода ва бидуни ориза бар асоси дастуроти тибби суннатӣ дорад ва дар аксари маворид дар сурати риояти бархе тадобири сода ва парҳезоти ироашуда аз сӯи табиб, ба роҳатӣ дар бозаи замонии ҳудуди думоҳа дармон мешавад.

Аммо яке аз дармонҳои сода барои кабади чарб масрафи рӯзона шарбати секанҷабин аст албатта бояд таваҷҷуҳ дошт, ки дармонҳои тибби суннатӣ наметавонад дармоне такбуъдӣ ва сирфан бо масрафи як таркиби доруӣ бошад балки барои дармон ва ҳусули натиҷа ҳатман бояд парҳезҳо ва тадобири тавсияшуда низ дақиқ иҷро шавад масалан барои дармони кабади чарб дар канори масрафи шарбати секанҷабин ҳатман бояд аз масрафи оби ях низ парҳез кард ва ҳар луқма ғизо ҳудуди 20 мартиба ҷавида шавад.

Ибни Сино тарзи таҳияи шарбати секанҷабинро ба сурати сода дар китоби "Қонун"-и худ ба ин сурат овардааст.

Маводи мавриди ниёз, сиркоб 1 паймона, асал 2 паймона, об 8 паймона

Тарзи таҳия: сиркоб, асал ва обро бо ҳам таркиб мекунем ва бар руи ҳарорат қарор медиҳем, то бо шуълаи мулоим биҷушад, то як севвуми оби он бухор шавад, ҳайни ҷушидан кафи онро ҷудо кунед ва метавонед як даста пудина ҳам барои ранг ва таъми беҳтар ҳайни ҷушидан ба он изофа кунед.

Дар ҳар ваъда, як севвуми стакон аз ин шарбат бо ду севвуми стакон об махлут ва масраф шавад.

Замони масраф: тарҷиҳан бо шиками холӣ ё як соат баъд аз ғизо

Барчасп