10 формули зиндагии солим
https://parstoday.ir/tg/news/uncategorised-i45722-10_формули_зиндагии_солим
Сабки зиндагӣ метавонад таъсири шигифте бар саломати инсон дошта бошад ва ба ҳамин далел дорои аҳамият аст, то ба беҳтарин шеваи мумкин зиндагӣ кунем. Бархе аз ин шеваҳои хуб иборатанд аз:
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Август 07, 2019 08:11 Asia/Dushanbe
  • 10 формули зиндагии солим

Сабки зиндагӣ метавонад таъсири шигифте бар саломати инсон дошта бошад ва ба ҳамин далел дорои аҳамият аст, то ба беҳтарин шеваи мумкин зиндагӣ кунем. Бархе аз ин шеваҳои хуб иборатанд аз:

1-Пиёдаравӣ: Аз беҳтарин гузинаҳои дар дастрас ва камҳазина барои ҳифзи саломатӣ аст зеро бо коҳиши хатари ибтило ба диябет ва бемории қалбӣ ҳамроҳ аст.

2-Ёдгирии забони дуввум: тавоноӣ дар барқарории иртибот бо фарҳангҳои дигар яке аз гузинаҳои сабки зиндагии солим ба ҳисоб меояд. Илова бар ин ёдгирии забони дуввум метавонад дар ба таъхир андохтани бурузи алоими заволи ақл муассир бошад.

3-Хоби бештар: бархурдорӣ аз хоби кофӣ боис мешавад фард дар тули рӯз эҳсоси сарҳол будан дошта бошад. Дар айни ҳол ашхосе, ки хоби кофӣ надоранд дар маърази ибтило ба мушкилоти ҷисмӣ ҳастанд.

4-Мусбат будан: доштани фикрҳои мусбат ба ҳифзи сабк ва рафторҳои мусбат дар зиндагӣ кумак мекунад. Ба таври мисол хондани ҷумалоти ташвиқкунанда, гуш додан ба мусиқии мавриди алоқа ё гардиш дар табиат аз ҷумлаи ин рафторҳои мусбат ҳастанд.

5- Истифодаи хуб аз вақт: барои тамомии соот ва рӯзҳои худ барномарезӣ дошта бошед. Бо истифодаи муносиб аз фурсатҳо бархурдорӣ аз сабки зиндагии солим дар тулонимуддат дур аз дастрас нахоҳад буд.

6- Контроли вазъияти ҷисмии кунунӣ: яке аз беҳатрин гузинаҳои сабки зиндагии солим, контроли саҳиҳи вазъияти феълии ҷисмонӣ ва пешгирӣ аз осибҳо ва бемориҳои қобили пешгирӣ аст.

7-Нушидани оби кофӣ: ҳифзи оби бадан мизони энержӣ ва халқу хуро беҳбуд медиҳад.

8-Мусофират рафтан: яке аз лаззатбахштарин роҳкорҳои барои ҳифзи саломат, мусофират аст, ки идеаҳои халоқона ва коҳиши стресс аз дигар фоидаҳои он аст.

9-Мутолиа кардан: стресс ҳеҷ таъсири мусбате бар саломатӣ надорад ва роҳкорҳои мутаадиде барои коҳиши стресс вуҷуд доранд. Яке аз ин роҳкорҳо хондани достонҳои дунболадор аст чаро ки мизони стрессро ҳудуди 68 дарсад коҳиш медиҳад.

10- Доштани эътимод ба нафс(худбоварӣ): Ҳар чи бештар умр мекунем шоҳиди иттифоқот ва руйдодҳои бештаре хоҳем будем ва метавонем аз ин таҷориб барои вокунишҳо ва рафторҳои халоқона ва бо эътимод ба нафс баҳра бигирем.